Иқтидори давлат аз ваҳдати халқҳост

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамасола яке аз ҷашнҳое, ки рамзи иттиҳодӣ халқҳоро инъикос мекунад, Рӯзи ваҳдати мардуми Қазоқистонро ҷашн мегиранд.

Дар робита ба ин, 1 — уми майи соли 2019 дар маҷмааи варзишии Академияи Вазорати корҳои дохилии ба номи Шракбек Кабилбаеви шаҳри Қостанай Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси донишҷӯёни тоҷик ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати халқҳои Қазоқистон гуштии миллии тоҷикӣ баргузор гардид.

Нахуст сардори Академияи ба номи Шракбек Кабилбаеви Вазорати корҳои дохилии шаҳри Қостанай Ҷумҳурии Қазоқистон полковники милитсия Нурлан Бикенов зимни суханронӣ ҳозиринро шодбош намуда, зикр намуд, ки муносибати дӯстонаи ду кишвари ба ҳам дӯст Қазоқистон ва Тоҷикистон ба таври нек рушд намуда боварии сиёсӣ қавӣ гардида истодааст, ки ин раванд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад. Инчунин аз иштирокдорон ва ташаббусгарони барнома изҳори сипос намуда, барои хониши минбаъда муваффақиятҳо орзу намуд.

Ҳамзамон, дар чорабении мазкур намояндаи Анҷумани тоҷикони Қазоқистон дар шаҳри Костанай раиси маркази фарҳангии тоҷикон ва узбектаборон, аъзои Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон, донишманди фақеҳ, номзади илмҳои тибби халқӣ Холматов Эргаш зимни суханронӣ меҳмононро шодбош гуфта, Рӯзи ваҳдати халқҳои Қазоқистонро ҳамчун рӯзи мояи иттиҳоди халқҳо арзёбӣ карда, паёми табрикии раиси Анҷумани тоҷикони Қазоқистон “Сомониён” Саидмурод Шариповро ба иштирокдорон расонда шуда, ҳамзамон ба сардори Академияи ба номи Шракбек Кабилбаеви шаҳри Қостанай Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос ва қаноатмандӣ ирсол гардид.

Таҳиягарони барномаи идонаи таҷлил аз Рӯзи ваҳдати халқҳои Қазоқистон тадбири фарҳангиро бо рамзҳои хоси ҷашнӣ ва суннатҳои халқиятҳо, сурудхонӣ, инчунин гуштии миллии тоҷикӣ, ки ташаббусгарон бевосита донишҷӯёни тоҷики Академияи ба номи Шракбек Кабилбаеви Вазорати корҳои дохилии шаҳри Қостанай Ҷумҳурии Қазоқистон мебошанд, ҷашн гирифта шуд.

Дар чорабении варзишии гуштии миллии тоҷикӣ донишҷӯён ва варзишгарон, ки теъдоди онҳо зиёда аз 70 нафарро ташкил медод, ширкат варзиданд.

Гуштингирӣ яке аз қадимитарин ва фарогиртарин варзишҳои дунё аст ва эҳтимолан дар даврони пешини таърих бо тағйири шакл дар ҷангҳои танбатан ва ҷойгузин кардан ё садамоти шадид бо як пирӯзии намодин эҷод шудааст. Шоҳидҳои бисёре аз ҳузури куштӣ дар тамоми тамаддунҳои оғозини башари вуҷуд дорад.

Бояд зикр намуд, ки дар Точикистон бо шарофати соҳибистиқлоли ин кишвар бозиҳои миллии халқи тоҷик эҳё гардида, на танҳо дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, балки дар идҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо иштироки паҳлавонони хориҷ баргузор карда мешаванд. Гуштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар миёни мардуми тоҷик ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки таърихи онро ба пайдоиши миллати тоҷик рабт медиҳанд. Мардуми тоҷик дар замонҳои пеш ин намуди гуштинро бештар дар тӯю маъракаҳояшон барпо мекарданд.
Гуштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъана ҷашнхоро шаҳомати дигар мебахшид. Ягона варзиш ё худ анъанае буд, ки махсусан мардон ба хотири гуштин ҷашнҳои анъанавии ниёгонро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва чошнворахои анъанавии хоси миллӣ  ба ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд. Гуштингирӣ ё худ гуштин аз калимаи тоҷикии “куштӣ” гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта қувваозмоӣ кардан) бармеояд.

Дар чорабении мазкур меҳмонон, намояндагони соҳаи варзиш, инчунин аз дигар табақаи ҷомеъаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Саршанбаев Олжабой — мураббии шоистаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Ташкулов Владимир, профессори Донишгоҳи давлатии омўзгории “Карелиан”, устоди варзиш, К. Успанов директори мактаби варзишии №1 шаҳри Қостанай, ҳамзамон ғолибони бисёркаратаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, устодони варзиши дараҷаи байналмилалӣ Эрмаганбетов Нурҷан, Кушдавлетов Бегайдар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намуди варзишии самбо низ иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур, шӯъбаи корҳои тарбиявии Академия Вазорати корҳои дохилӣ, оркестри “Домбра” таҳти роҳбарии ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Қазоқистон Калибека Дерипсалдина барномаи мусиқавӣ намоиш дода шуд.

Ғолибони мусобиқаи намуди варзишии гуштии миллии тоҷикӣ, аз тарафи Эрмагамбетов Нурчан бо медалҳо ва бо сипосномаҳо мукофотонида шуд. Донишҷӯи курси сеюми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Уразов Фирдавс барои саҳми бузург дар рушди гӯштини миллии тоҷикӣ дар Академияи бо тӯҳфаи пурарзиш сарфарозонида шуд.

Бояд зикр намуд, ки чорабении мазкур ба муносибати Рӯзи ваҳдати халқҳои Қазоқистон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ташаббусгарон донишҷӯёни тоҷики Академия маҳсуб меёбанд, дар фазои дӯстӣ ва якдигарфахмӣ баргузор гардид, ки чунин мусобиқаҳои байни миллатҳо метавонад муносибати дустии халқиятҳоро боз ҳам мустахкамтар гардонад.

3 курс  курсанты Каримов Новруз